Мақоми 140-уми Тоҷикистон дар рейтинги озодиҳои иқтисодӣ

Дар гузориши Индекси озодии иқтисодӣ, ки ҳамасола аз ҷониби пажуҳишгоҳи амрикоии The Heritage Foundation («Бунёди мерос») ва рӯзномаи The Wall Street Journal таҳия мегардад, Тоҷикистон миёни кишварҳои «аксаран (бештар) ноозод» ҳузур дошта, дар байни 178 кишвари дунё бо касби 52,7 балл мақоми 140-умро ишғол мекунад. Дар ин гузориш қайд мешавад, ки ҷанги шаҳрвандии 5-сола қисмати […]

ASIA-Plus



Дар гузориши Индекси озодии иқтисодӣ, ки ҳамасола аз ҷониби пажуҳишгоҳи амрикоии The Heritage Foundation («Бунёди мерос») ва рӯзномаи The Wall Street Journal таҳия мегардад, Тоҷикистон миёни кишварҳои «аксаран (бештар) ноозод» ҳузур дошта, дар байни 178 кишвари дунё бо касби 52,7 балл мақоми 140-умро ишғол мекунад.

Дар ин гузориш қайд мешавад, ки ҷанги шаҳрвандии 5-сола қисмати зиёди зербинои иқтисодӣ ва ниҳодии Тоҷикистонро хароб кард. «Вазъи волоияти қонун дар ҳолати хеле номусоид қарор дошта, наздикону атрофиёни президент мансабҳои калидӣ дар ҳукуматро ишғол мекунанд ва дар тиҷорат ҳам аз пешсафонанд. Камбизоатӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, қоидаҳои беасару каммаҳсул дар тиҷорат ба одамон имкон намедиҳад, ки аз камбизоатӣ раҳо ёбанд», – зикр мекунанд муаллифони гузориш.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар зинаи 69, Қирғизистон – 82, Ӯзбекистон – 160 ва Туркманистон – 172-юм қарор доранд. Русия бо 52,1 балл дар мақоми 143-юм ҷойгир аст.

Пешсафони рейтинги мазкур кишварҳои Гонконг, Синнгапур ва Зеландияи Нав буда, зинаҳои охири феҳристро Венесуэла, Куба ва Кореяи Ҷанубӣ ишғол мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар рейтинги Heritage вазъи озодии иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳон аз рӯи 10 нишондиҳанда, аз ҷумла озодии роҳандозии тиҷорат, савдо, ҳолати сиёсати буҷетиву андоз, сиёсати пуливу қарзӣ, озодии сармоягузорӣ, бозори кор ва ҳамчунин мизони коррупсия арзёбӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки кишварҳое, ки камтар аз 50 баллро касб мекунанд, ба сафи кишварҳои «комилан ноозод», 50-60 балл – «аксаран (бештар) ноозод», 60-70 балл – «нисбатан озод», 70-80 балл – «асосан озод» ва беш аз 80 балл – «озод» шомил мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер