– Фоизи назарраси кӯдакон дар Тоҷикистон аз норасоии маводи ғизойӣ азият кашида, сатҳи фарогирии барномаи рушд дар синни томактабӣ хеле паст аст, – зикр мегардад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Рушди малакаҳо барои тавсеъаи имконоти таъмини шуғл дар Тоҷикистон».
Дар гузориш қайд мешавад, ки ҳудуди 15%-и кӯдакони синни то 5-солаи Тоҷикистон аз норасоии ғизо азият мекашанд. «Қафомонии миёна ва назаррас аз қадкашӣ, ки ба он 39%-и кӯдакони синни то 5-сола дучоранд, ба як падидаи маъмуливу роиҷ табдил шудааст», – таъкид мегардад дар гузориш.
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки ҳамагӣ камтар аз 1%-и кӯдакони синни то 3-сола ва ҳудуди 6%-и кӯдакони синни 3-5-сола айни замон дар Тоҷикистон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки сабаби он аксаран ба норасоии муассисаҳои томактабӣ дар кишвар, бахусус дар деҳот маънидод мешавад. «Ин нишондиҳанда аз сатҳи фарогир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳиза пасттар мебошад», – хулоса мекунанд таҳлилгарони бонк.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ қайд мешавад, ки ҳарчанд нишондиҳандаи фарогирӣ ба таълимот дар макотиби миёна ва олӣ дар Тоҷикистон баланд бошад ҳам, низоми маорифи ҷумҳурӣ рушди комили малакаҳои арзишманд дар бозорро таъмин намекунад. Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ робита доштани ин мушкилот ба сифати таълимот ва интихоб дар низоми маорифи кишварро аз эҳтимол дур намедонанд.



