Гумонбарии кормандони «Амонатбонк» дар Роштқалъа ба азхудкунии 60 ҳазор сомонӣ



Иқтисодчии дараҷаи якум оид ба қарзи филиали №73 Бонки давлатии Амонатбанки Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Рошқалъаи ВМКБ Ёғибек Ёғибеков ва  иҷрокунандаи мудири филиали бонки мазкур Б.Сафаровро Агентии зиддифасод ба азхудкунии миқдори зиёди маблағи пулӣ тибқи маслиҳати пешакӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гумонбар медонад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, нафарони зикршуда бо истифода аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 60 ҳазор сомонӣ маблағҳои пешбинишуда барои амалисозии лоиҳаҳои «Кадбону» ва «Парвариши чорво»-ро ғайриқонунӣ азхуд намудаанд.

Гуфта мешавад, нисбати Ёғибеков Ё.С. ва Сафаров Б.Я. бо моддаҳои бо моддаҳои 32 қисми 3, 247 қисми 3 бандҳои «а,б» ва 340 қисмии 2 бандҳои «а,б,в» (яъне бо маслиҳати пешакӣ ва бо истифодаи техникаи компиютерӣ)-и КҶ Ҷумҳурии парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное