Анҷоми лоиҳаи навбатии ҳукумати Ҷопон дар Балҷувон



Дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон рӯзи 18 феврали соли 2015 маросими муваффақона анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ барои Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон» баргузор гардид.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Ҷопон дар ҶТ, дар доираи барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои амалисозии ин лоиҳа аз тарафи ҳукумати Ҷопон ба ҳукумати ноҳияи Балҷувон 102 ҳазору 371 доллари ИМА ҷудо гардид.

Гуфта мешавад, дар ин маросим Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Балҷувон ва намояндагони Беморхонаи марказии ноҳия ширкат варзиданд. 

«Сафир қайд намуд, ки Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарии Ҷопон барои рушду равнақи соҳаҳои мухталиф дар сартосари Тоҷикистон, ҳам дар ноҳияҳои дурдаст ва ҳам ру ба тараққӣ оварда, саҳми худро мегузорад. Бо беҳтар гардонии иншооти мазкур, лоиҳа ҳамзамон бевосита ба беҳбуди шароити хизматрасонӣ ба10 ҳазор беморон мусоидат хоҳад кард, ки ҳамасола ба Беморхонаи марказии ноҳия муроҷиат мекунанд», – омадааст дар иттилоияи сафоратхонаи Ҷопон. 

Зимнан зикр мегардад, ки Фотеҳ Аминзода дар суханронии худ дар ин маросим ба мардум ва ҳукумати Ҷопон, ҳамзамон аз кулли одамоне, ки барои амалӣ гаштани чунин лоиҳаи муҳим заҳмат кашиданд, миннатдорӣ изҳор намуд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи амалисозии лоиҳа дар ҳудуди Беморхонаи марказӣ бинои нав бунёд гардида, он дорои 8 ҳуҷра мебошад, ки дар он ҳуҷраи ташхис ва муолиҷа барои шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ, ҳуҷраи касалиҳои сирояткунанда, дандонпизишк, ҷарроҳӣ ва урологӣ фаъолият хоҳанд кард. «Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби хеш ба бинои навбунёд таҷҳизотҳои зарурии замонавӣ тақдим намуд», – зикр мегардад дар иттилоия.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома диҳад. 

spot_imgspot_img

Популярное