Ассосиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон (АКД) тасмим гирифт, ки як лоиҳаи яксола оид ба таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди шаҳри Душанбе бо маблағгузории ҳукумати Ҷопонро амалӣ намояд.
Тавре аз Ассотсиатсияи мазкур хабар доданд, дар маросимси расмии оғози лоиҳа Такаши Камада сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳо аз Вазорати маориф ва илми оҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар ҳамкорону шарикон иштирок карданд.
Гуфта мешавад, тариқи ҳамкории зич бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Раёсати маорифи ш. Душанбе, АКД Ҷопон мақсад гузоштааст, ки дар кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти фарогир “ Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” кӯмакгар бошад.
Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур, АКД Ҷопон дар муассисаҳои таҳсилотҳои умумии №53 ва №54 ш. Душанбе як чанд корҳо, аз ҷумла роҳравакҳо барои аробачаҳои маъюбӣ, дастқапакҳо ва ҳоҷатхонаҳоро пурра аз таъмир бароварда, барои талабагони имконияташон маҳдуд шароитҳои дастрасӣ мусоид менамояд.
Ғайр аз таъмири бемонеагардонӣ, синфхонаҳои мутобиқгардоние, (адаптивный классы), ки ки аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти умумии дар боло зикр гардида ҷудо шудаанд, бо аробачаҳои маъюбӣ, асобобҳои ёрирасон ва лавозимоти таълимӣ таъмин карда мешавад. Илова бар ин, як чанд курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва фаъолиятҳои хабардоркунӣ барои баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши кадрҳо оиди таҳсилоти фарогир ва ворид намудани кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронда мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур марҳилаи дуюмро дар бар мегирад, ки АКД Ҷопон се марҳиларо вобаста ба таҳсилоти фарогир бояд амалӣ намояд. Тибқи лоиҳаи гузашта, муассисаҳои таҳсилоти умумии №28 ва №72 фаъолиятҳои хешро дар самти таҳсилоти фарогир бо ҳамкории АКД Ҷопон оиди пешбурди таҳсилоти фарогир идома хоҳанд дод.



