Муовини нахуствазир бо корҳои бозсозии нақби «Истиқлол» шинос шуд

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим чанде қабл бо корҳои таъмиру бозсозии нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд аз наздик шинос шуд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маҳалли корҳо муайян карда шудааст, ки мушкилоти асосӣ барои ҳаракати бемамониати нақлиёт дар нақб ҷоришавии обҳо […]

Аваз Юлдошев



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим чанде қабл бо корҳои таъмиру бозсозии нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд аз наздик шинос шуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маҳалли корҳо муайян карда шудааст, ки мушкилоти асосӣ барои ҳаракати бемамониати нақлиёт дар нақб ҷоришавии обҳо аз қисматҳои гуногун буда, баҳри рафъи мушкилоти зикршуда тамоми техникаву ҳайати коргарон сафарбар гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба муовини нахуствазир маълумот дода шудааст, ки айни замон мушкилоти ҷоришавии обҳои зиёдатӣ дар масофаи 2,5 километр ҳал шуда, 636 адад таҷҳизоти равшанидиҳандаи мувақатӣ насб гардидааст.

«Азим Иброҳим ба шахсони масъул дастур дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо ҷалби мутахассисони ширкати «Зетрон»-и Испания чораҳои таъҷилӣ андешида шаванд», – қайд кард Муҳиддинов.

Зимнан зикр гардид, ки дар машварати ситоди корӣ дастур дода шуд, ки корҳо хушсифат ва бо истифода аз таҷҳизоти зурурӣ анҷом дода шуда, ҳамаи корҳои таъмиру бозсозӣ дар иншооти мазкур то охири сол ба итмом расонида шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.