АНМН: Мусодираи маводи мухаддир дар Хуҷанд

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад бастаи селофанӣ ёфт ва мусодира гардид, ки дар дохили он маводи рангаш сиёҳтоб […]

ASIA-Plus



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд.


Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад бастаи селофанӣ ёфт ва мусодира гардид, ки дар дохили он маводи рангаш сиёҳтоб мавҷуд буд.

Гуфта мешавад, мувофиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд маводи мусодирашуда ба маводи нашъаовари навъи афюн мансуб буда, дастгиршуда ният доштааст, ки  маводи нашъаоварро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд паҳн намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Гурӯҳи тафтишотии Раёсати Агентӣ бо моддаи 200 қ.2 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон”) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.