Amnesty International: Дар Тоҷикистон шиканҷа ҳама ҷо истифода мешавад

– Дар Тоҷикистон чун пешин афроди боздоштшударо ҳама ҷо ва бидуни ҷазо мавриди шиканҷа ва рафтори бераҳмона қарор медиҳанд, – гуфта мешавад дар гузориши Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International. «Сарфи назар аз қабули нақшаи амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ алайҳи шиканҷа, ки соли 2013 пешниҳод гардида буд, шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори […]

Пайрав Чоршанбиев



– Дар Тоҷикистон чун пешин афроди боздоштшударо ҳама ҷо ва бидуни ҷазо мавриди шиканҷа ва рафтори бераҳмона қарор медиҳанд, – гуфта мешавад дар


гузориши


Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International.

«Сарфи назар аз қабули нақшаи амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ алайҳи шиканҷа, ки соли 2013 пешниҳод гардида буд, шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона дар ҳама ҷо истифода мешаванд», – таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

Дар гузориш қайд мешавад, ки тӯли давраи аз 1 декабри соли 2013 то 8 октябри соли 2014 ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ 24 ҳолати истифодаи шиканҷаро сабт намуда, ҳукумат ҳуқуқ ба озодии баён, маҷлисҳо ва иттиҳодияҳоро маҳдуд кард.

«Моҳи майи соли 2014 ҳангоми амалиёти кормандони милиса дар Хоруғ 3 нафар ҳалок ва 5 нафар ҷароҳат бардошта, миёни нерӯҳои қудратӣ ва аҳолии маҳаллӣ муноқишаҳо рух доданд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад», – омадааст дар гузориш.

Дар Amnesty International зикр мекунанд, ки ҳодисаҳои муноқишаи тобистони соли 2012 дар Хоруғ, ки дар натиҷа даҳҳо нафар, аз ҷумла ҳадди ақал 22 нафар шаҳрвандони мулкӣ ҳалок шуданд, то ҳол пурсамар тафтиш нашудааст ва то ҳанӯз дар бораи шумори ҷабрдидагон аз ин ҳодисаҳо маълумоти саҳеҳ мавҷуд нест.

«Аксари ҷабрдидагон ва хешовандони онҳо аз тарси таъқиб шикоят намекунанд. Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба истифодаи шиканҷа гумонбар мешаванд, аҳёнан ба амал меояд ва дар бисёре аз ҳолатҳо тафтиши ин парвандаҳо қатъ ё мутавваққиф мешавад. То ахири сол, ҳамагӣ 4 корманди мақомоти интизомӣ барои истифодаи шиканҷа маҳкум гардиданд», – баён мегардад дар гузориш.

Муаллифони гузориш таъкид месозанд, ки ба адвокатҳо чандин маротиба дастрасӣ ба мизоҷони боздоштшудаашон рад шуда, ин ҳолат бештар нисбати шахсоне роиҷ буд, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт мегардиданд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки давоми сол сиёсатмадорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналистон барои интиқод аз ҳукумат мавриди таъқиб қарор гирифта, аз ҷумла нисбати журналистон ва ВАО ҳудуди 15 даъво пеш оварда шуд.

Ғайр аз ин, таҳиягарони гузориш зикр мекунанд, ки муддати сол чандин маротиба дастрасӣ ба даҳҳо торнамоҳои писандидаи иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ муваққатан қатъ карда шуд ва ширкатҳои фароҳамсози интернет ин амалро бо дастури мустақими хадамоти давлатии танзими алоқа анҷом доданд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар шароитҳои дур аз таъмини амният фаъолият намуда, бо фишор аз ҷониби ҳукумат дучор шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер