Барои сохтмони шаҳраки саноатӣ дар Суғд Чин 200 млн. $ ҷудо мекунад

Палатаи поёнии парлумон имрӯз созишномаи ҳанӯз тобистони соли гузашта баимзорасида миёни ҳукумати ҶТ ва ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» дар бораи коркарди комплексии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ»-ро тасдиқ кард. Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амволи ҷумҳурӣ Лочин Файзуллозода изҳор намуд, ки барои амалисозии лоиҳаи мазкур Чин 200 млн. […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумон имрӯз созишномаи ҳанӯз тобистони соли гузашта баимзорасида миёни ҳукумати ҶТ ва ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» дар бораи коркарди комплексии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ»-ро тасдиқ кард.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амволи ҷумҳурӣ Лочин Файзуллозода изҳор намуд, ки барои амалисозии лоиҳаи мазкур Чин 200 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.

«Тибқи лоиҳа сохтмони шаҳраки нави саноатӣ дар наздикии шаҳри Зарнисори вилояти Суғд пешбинӣ шудааст, ки дар он корхонаҳои истеҳсоли маъдан ва сурб бунёд гардида, беш аз 2 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд», – иброз дошт Л.Файзуллозода.

Ба гуфтаи ӯ, ашёи хом барои ин корхонаҳо аз ноҳияи Мастчоҳ истихроҷ карда мешавад. «Дар ин корхонаҳо солона зиёда аз 2 млн. тонна маъдан ва 20 ҳазор тонна сурб истеҳсол хоҳад шуд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.