Қаноатмандии вазир аз кори дружиначиён ва кормандони ғайриштатии милитсия

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонону донишҷӯёнро даъват кард, ки дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва варзишии ҷомеа бетараф набошанд ва фаъолона иштирок намоянд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва  кормандони ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2014 […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонону донишҷӯёнро даъват кард, ки дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва варзишии ҷомеа бетараф набошанд ва фаъолона иштирок намоянд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва  кормандони ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2014 Рамазон Раҳимзода «саҳми арзанда»-и онҳоро дар таҳкими амнияту ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ таъкид намуд.

Ӯ изҳор кард, ки «ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинони кишвар, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ бе иштироки шаҳрвандон ғайриимкон буда, такя намудан ба кӯмаки шаҳрвандон ва  ташкилотҳои ҷамъиятӣ, яке аз шартҳои  муҳим ва самараноки  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб меравад».

Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин қайд кард, ки аз ҳисоби аҳли ҷомеа хоҳишмандоне, ки мехоҳанд нақш ва ҳиссаи худро ба ҳайси кормандони ғайриштатии милитсия ва дружинаҳои ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон гузоранд, рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

«Ин далели он аст, ки фарзандони баномуси миллат дар шукуфоии Ватани худ бетараф монда наметавонанд ва манфиатдор будани худро дар ин раванд нишон дода истодаанд. Пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷомеъа аз кору фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар дастаҷамъӣ фаъолият намудан, вобастагии калон дорад», – гуфт вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...