Боздиди намояндагони ДИДҲБ/САҲА аз дафтари кории ҲНИТ



Намояндагони Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) Миклош Ҳарасти ва Даря Папроска рӯзи 4 март аз дафтари кории Ҳизби наҳзатси исломии Тоҷикистон боздид намуда, бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дидору гуфтушунид карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, тарафҳо масоили минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуда дар бораи вазъияти кишвар низ суҳбат намуданд. Намояндагони САҲА аз натиҷаҳои интихобот изҳори нигаронӣ намуда, аз мавқеъгирии ҲНИТ дар бораи барномаи ояндааш савол намуданд.

«Раҳбари ҲНИТ таъкид намуд, ки Шӯрои Сиёсии ҲНИТ дар ин бора изҳороти худро пахш намуд ва мо хостори оромиш ва субот ҳастем. Агарчӣ натоиҷи интихоботро қабул надорем, вале ба масоил бо чашмони боз менигарем ва ба хотири оромиш ва суботи кишвар талош хоҳем намуд», – иброз доштааст М.Кабирӣ.

Гуфта мешавад, раҳбари ҲНИТ аз ноумедии ҷавонон ба равандҳои солими сиёсӣ ва гароиши онҳо ба ифротгароӣ нигаронӣ намуда, изҳори умедворӣ намудааст, ки барои пешгирӣ аз ин раванд тамоми нерӯҳои солим дар ҷомеа ҳамкорӣ намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки сардори миссияи нозирони САҲА Миклош Харастӣ ва таҳлилгари сиёсӣ Даря Папроска низ аз мавқеъгириҳои ошкори ҲНИТ дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм тамҷид намуда, нақши наҳзати исломиро дар мубориза бо хушунат муҳим хонданд. Онҳо нақши ҲНИТ-ро ҳамчун як ҳизби исломии муътадил на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли минтақа муҳим ва омӯзанда арзёбӣ намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное