Ширкати байнулмилалии консалтингии
Mercer
гузориши нави худ дар бораи шаҳрҳои беҳтарини ҷаҳон дар соли 2015 барои иқомат ва корро ба нашр расонид. Рейтинг бо назардошти сатҳи зиндагии мардум таҳия шудааст.
Рейтинги мазкур 230 шаҳри ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар ин рейтинг пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар зинаи 214-ум қарор гирифтааст. Ин нишондиҳандаи охирин миёни шаҳрҳои қитъаи Осиё мебошад. Шаҳри беҳтарини қитъаи Осиё Сингапур дониста шудаст, ки мақоми 26-умро ишғол мекунад.
Ба андешаи муаллифони гузориш, шаҳрҳои бештар мусоид барои иқомат ва кор Вена (Австрия), Сюрих (Швейтсария), Окленд (Зеландияи Нав), Мюнхен (Олмон) ва Ванкувер (Канада) мебошанд. Шаҳрҳои бештар номусоид барои зиндагӣ шаҳрҳои Ироқ номбар шудаанд.





