Санаи 10 марти соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳикмат Халил Карзайро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Алоқамандии зиёд ба тавсеаи робитаҳо дар арсаҳои мухталиф ва ҷавобгӯи манофеи ду кишвар, аз ҷумла таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию башарӣ ва татбиқи муштараки тарҳҳои бузурги зербиноӣ дар соҳаҳои ҳамлу нақл, истеҳсол ва интиқоли нирӯи барқ таъкид гардид.
Гуфта мешавад, мусоҳибон бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба, ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, ташкили сафарҳои мутақобила дар сатҳҳои олию баланд ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният ибрози омодагӣ карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки роҷеъ ба масоили минтақавӣ, ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дурнамои рушди сиёсию иҷтимоии Афғонистон табодули назари судманд сурат гирифт.



