Ду нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба ҳайати нозирони байнулмилалии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маъракаи интихоботи пешазмуҳлати президенти Қазоқистон шомил мегарданд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба сифати нозирон аз Тоҷикистон ба маъракаи интихоботи президентӣ дар кишвари ҳамсоя узви КМИР ҶТ Мамадборон Зоиров ва ёвари раиси КМИР ҶТ Парвина Расулова сафарбар мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ба сифати номзадҳо ба мансаби президенти Қазоқистон то ҳол 13 нафари худпешбаришуда ва 1 нафар намояндаи Ҳизби коммунисти ин кишвар сабти ном шудаанд.
Миёни номзадҳо алҳол президенти амалкунандаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳузур надорад. Ӯ ваъда додааст, ки ба ин масъала каме баъдтар рӯшанӣ меандозад.
Маъракаи интихоботи пешазмуҳлати президенти Қазоқистон ба санаи 26 апрели соли равон таъин шудааст. Аз соли 1991 Нурсултон Наазарбоев билоиваз Қазоқистонро сарварӣ мекунад. Интихоботи ахири президентӣ дар ин кишвар соли 2011 баргузор шуда, дар он Нурсултон Назарбоев беш аз 90%-и овозҳои интихобкунандгонро касб намуда буд.



