Аз оғози соли равон беш аз 83 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри дарёфти кори муносиб муҳоҷират ба дигар кишварҳоро ихтиёр намуданд.
Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, аз шумори умумии тоҷикистониёни тӯли моҳҳои январ-феврали соли равон муҳоҷиартро ихтиёрнамуда ҳудуди 72 ҳазор нафарашонро занон ва 11 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, аксари муҳоҷирони корӣ – ҳудуди 82 ҳазор нафар ба Русия ва наздики 1 ҳазор нафар ба Қазоқистон сафар кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра беш аз 71 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки ҳудуди 62,2 ҳазор нафарашон мардон ва наздики 8,8 ҳазор нафарашон занон мебошанд.
Тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, шумори умумии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар ин кишвар ҳудуди 1,2 млн. нафарро ташкил медиҳад.



