Омӯзгор Азизуллоҳ Роэш (Azizullah Royesh), ки дар шаҳри Кобул барои паноҳандагон мактаб (
Marefat School
) таъсис дод, дар озмуни байнулмилалии ҳунари касбӣ бо
ҷоизаи
1 млн. доллари ИМА ғолиб дониста шуд. Ҳамроҳи ӯ боз 9 нафар омӯзгорон аз саросари ҷаҳон ба ин ҷоиза сазовор дониста шуданд.
Озмуни байнулмилалии Global Teacher Prize имсол бо мақсади баланд бардоштани касби омӯзгорӣ ва мақоми иҷтимоии он доир гардида, дар озмун муаллимони саросари дунё аз 127 кишвар – аз ИМА то Кения ва Афғонистон ширкат варзиданд.
Соли 2014 дар Marefat School 4 ҳазор толибилмон таҳсил мекарданд, ки 44%-и онҳоро ҷавондухтарон ташкил медоданд. Ҳамин сол аз 450 нафар хатмкардаи ин мактаб 148 нафарашон ба таҳсилу пажуҳиш дар макотиби олии кишварҳои хориҷӣ идома доданд. Мактаби мазкур ҳамасола ба беш аз 400 нафар толибилмони худ кумакҳои молиявӣ пешниҳод мекунад.
Созмондиҳанда ва сарпарасти озмуни Global Teacher Prize бунёди Varkey Foundation, як воҳиди гурӯҳи байнулмилалии маърифатии GEMS-и Дубай мебошад. Ба даври ниҳоии озмун ҳамчунин се омӯзгор аз ИМА ва як нафар аз Гаити, як нафар аз Кения ва чор нафар муаллимон аз кишварҳои Осиё – Афғонистон, Ҳиндустон, Камбоҷа ва Тимори Шарқӣ низ роҳ ёфта буданд.



