Боздиди намояндагони сафорати Туркия аз ВКД Тоҷикистон



Рӯзи 19 марти соли 2015 муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ, генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо намояндагони сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон мулоқот кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин вохӯрӣ аз ҷониби сафорати Туркия вобастаи низомии сафорат ҷаноби Унал Байхан ва ёвари вобастаи низомӣ ҷаноби Суат Каратопрак иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз вохӯрӣ баррасӣ ва густариши масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар самтҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, тайёр намудани кадрҳо дар доираи созишномаҳои баимзорасида мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное