Рӯзи 26 марти соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Дабири кулли СММ Пан Ги Мун баргузор шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ, аз ҷумла масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва мусоидати СММ ба ин раванд, ҳамчунин иштирок ва саҳми Тоҷикистон дар баррасии Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Дабири кулли СММ аз ҷараёни омодагӣ ба Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 (9-11 июни соли 2015, Душанбе) маълумоти муфассал дода, аз сохторҳои дахлдори СМм даъват ба амал овард, ки дар кори ин чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзанд.



