Ифтитоҳи бинои нави қисми низомии ВКД дар Қӯрғонтеппа

Рӯзи 10 апрел дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, меҳмонон ва ҳайати шахсии РВКД-и вилоят маросими кушодашавии бинои нави қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бинои навбунёди […]

ASIA-Plus



Рӯзи 10 апрел дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, меҳмонон ва ҳайати шахсии РВКД-и вилоят маросими кушодашавии бинои нави қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бинои навбунёди қисми низомии 3503 дар як муддати кӯтоҳ сохта шуда, он аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад, ки дар он ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона ҷойи хоби сарбозон (казарма), ҳаммоми замонавӣ, ҷойи даструшӯӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд.

Зимни суханронӣ вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозони қисми низомии 3503-ро бо рӯзи таъсисёбии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки: «Мо имрӯз дар баробари ҷашн гирифтани рӯзи таъсисёбии Қушунҳои дохилӣ инчунин ба истифода додани биноҳои замонавии қисми низомии 3503-ро таҷлил менамоем.

«Имрӯз биноҳои хуби замонавӣ, ҳуҷраҳои таълимӣ, ҷойи хобу ошхона, толорҳои варзишӣ, майдонҳои машқи тактикӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ дар ихтиёри сарбозону афсарон қарор дошта, беҳтарин кормандону мутахассисони соҳибкасб бо онҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии ҷангӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва ғайра машғулият мегузаронанд», – иброз дошт ӯ.

Гуфта мешавад, дар казармаҳои сарбозон тамоми имкониятҳо барои хизмат фароҳам оварда шудааст. Афсарон ва сарбозони ин қисми низомӣ бо майдонҳои машқи тактикӣ ва  варзишӣ таъмин гардида, дар баробари пеш бурдани хизмат ҳамчунин бо варзиш пайваста машғул мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.