Оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея

Имрӯз дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста бо ҳамкории Тоҷикистону Корея ва робитаҳо бо минтақаҳои он, аз ҷумла миёни музофоти Гёнсангбук-до ва минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, ҳарду ҷониб ба густариши […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста бо ҳамкории Тоҷикистону Корея ва робитаҳо бо минтақаҳои он, аз ҷумла миёни музофоти Гёнсангбук-до ва минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ бо ҷалби васеи доираҳои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ташкил ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он, аз ҷумла нассоҷӣ, соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, ҷаҳонгардӣ ва фарҳанг дорои дурнамои хуб номида шуд.

Хотиррасон мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея қарор дошта,тайи рӯзҳои ин сафар мулоқоти расмии ӯ бо Президенти  Ҷумҳурии Корея хонум Пак Хин Хе баргузор шуда, дар фароварди он як зумра санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин бо раиси Парлумони ин кишвар Чун Ой Хуа ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар дар назар аст.

Дар форуми 7-уми ҷаҳонии об Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ташаббускори асосии қабули даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳошияи он мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом хоҳад дод.

Дар шаҳри Сеул бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ меёбад. Ин амал бозгӯй аз оғози марҳилаи сифатан нави муносиботи Тоҷикистону Корея хоҳад буд. Ҳамчунин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар Корея таҳсилкунанда дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.