Боз 29 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман берун бароварда шуданд

Тибқи маълумоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ боз 29 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ду ҳавопаймои русӣ аз Ҷумҳурии Яман берун бароварда шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳамзамон 16 нафар шаҳрванди дигари Тоҷикистон тавассути роҳи заминӣ ҳудуди Салтанати Умонро аз қисмати Яман гузашта, бояд рӯзи 13 апрел […]

ASIA-Plus



Тибқи маълумоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ боз 29 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ду ҳавопаймои русӣ аз Ҷумҳурии Яман берун бароварда шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳамзамон 16 нафар шаҳрванди дигари Тоҷикистон тавассути роҳи заминӣ ҳудуди Салтанати Умонро аз қисмати Яман гузашта, бояд рӯзи 13 апрел вориди қаламрави Амороти Муттаҳидаи Араб мешуданд.

Қобили зикр аст, ки даҳаи аввали моҳи апрел Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои

аз қаламрави Яман берун баровардани 130 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон

, ки бо оилаҳои худ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекарданд, мусоидат намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.