Ба Буҷет аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ тақрибан 40 млн. $ камтар маблағ ворид шуд

ASIA-Plus

Дар семоҳаи аввали соли равон ба Буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ҳудуди 230 млн. сомонӣ (тақрибан 40 млн. $) камтар маблағ ворид гардид. Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 720,7 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) ворид шудааст, ки 75,9%-и нақшаро ташкил […]



Дар семоҳаи аввали соли равон ба Буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ҳудуди 230 млн. сомонӣ (тақрибан 40 млн. $) камтар маблағ ворид гардид.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 720,7 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) ворид шудааст, ки 75,9%-и нақшаро ташкил медиҳад. Тибқи нақша бошад,воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 950,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, дар таркиби воридот дар се моҳи аввал мавқеи асосиро маҳсулоти нафтӣ – 14,6% ё худ 109,5 млн. доллар;  гази моеъ 5,2 % ё худ 39,1 млн. доллар; воситаҳои нақлиёти сабукрав – 3,7% ё худ 27,9 млн. доллар; оксиди алюминӣ (глинозем)- 2,7% ё худ 20,5 млн. доллар; гандум -6,6% ё худ 49,8 млн. доллар; равғани растанӣ – 2,2% ё худ 16,6 млн. доллар; шакар – 2,1% ё худ 16 млн. доллар; орд – 1,8%; ё худ 13,5 млн. доллар; семент – 0,6% ё худ 4,8 млн. доллар ва нуриҳои минералӣ –0,5% ё худ 3,8 млн. доллар ишғол мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар таркиби маҳсулоти асосии содиротиии Тоҷикистон  алюминии аввалия – 21,1% ё худ 45,2 млн. доллар;  нахи пахта – 17,7% ё худ 37,8 млн. доллар ва маҳсулоти меваю сабзавот – 1,9% ё худ ки 4,1 млн. долларро ташкил медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.