Сабти ду фраксияи ҳизбӣ дар палатаи поёнии парлумон

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум дар бораи сабти фраксияҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қарори дахлдор қабул шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, раиси фраксияи ҲХДТ Бахтовар Сафаров ва ҲАТ Толиббек Бухориев интихоб шуданд. Қобили зикр аст, […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум дар бораи сабти фраксияҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қарори дахлдор қабул шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, раиси фраксияи ҲХДТ Бахтовар Сафаров ва ҲАТ Толиббек Бухориев интихоб шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар фраксияҳои парлумон вакилон ҳам аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳам аз ҳавзаҳои якмандатӣ муттаҳид шуда метавонанд.

Фраксия ё гурӯҳҳои вакилон мақомоти Маҷлиси намояндагон набуда, вакилон озодона ба ҳамроҳшавӣ ё тарки онҳо ҳуқуқ доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.