Баррасии масоили ҳамкорӣ аз рӯи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии савдо

ASIA-Plus

Рӯзи 15 апрели соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати муовини якуми вазир Саидраҳмон Назриев ҷаласаи нахустини васеи Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳони савдо (СУС) баргузор гардид. Бино ба иттилои хадаоти матбуоти Вазорат, дар ҷаласа […]



Рӯзи 15 апрели соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати муовини якуми вазир Саидраҳмон Назриев ҷаласаи нахустини васеи Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳони савдо (СУС) баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадаоти матбуоти Вазорат, дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок карданд. Тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 октябри 2014, №691 «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти ҶТ вобаста ба узвият ба Созмони умумиҷаҳони савдо» қабул шуда буд.

Мақсади асосии қарори мазкур муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои СУС, таъмини афзалиятҳои узвият ба СУС барои доираи васеи тоҷирон мебошад. Барномаи зикршуда ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ бо роҳи пешниҳоди шароитҳои мусоид барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволи сокинони кишвар равона шудааст.

Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дуҷониба байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи минтақавии «Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» ташкил карда шуд.

Дар доираи ташаббуси мазкур БР СММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуда, саъю кӯшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқи уҳдадориҳои ҶТ дар назди СУС дастгирӣ менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.