Мулоқоти Оксфам оид ба беҳбуди тарзи ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ

ASIA-Plus

Дар меҳмонхонаи “Серена” Оксфам дар ҳамкорӣ бо ташкилоти шарикаш Иттифоқи итсеъмолкунандагон ҷаласаи сеюми мулоқоти Гурӯҳи кориро оид ба Беҳгардонии нишондиҳандаҳои ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва санитария (беҳдоштӣ) ташкил намуд. «Ҳадаф аз мулоқоти Гурӯҳи корӣ – фароҳам овардани шароит ва таъмини замина дар робита ба ҷалби равандҳои созанда ва такмили ҳамкорӣ дар соҳаи об байни […]



Дар меҳмонхонаи “Серена” Оксфам дар ҳамкорӣ бо ташкилоти шарикаш Иттифоқи итсеъмолкунандагон ҷаласаи сеюми мулоқоти Гурӯҳи кориро оид ба Беҳгардонии нишондиҳандаҳои ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва санитария (беҳдоштӣ) ташкил намуд.

«Ҳадаф аз мулоқоти Гурӯҳи корӣ – фароҳам овардани шароит ва таъмини замина дар робита ба ҷалби равандҳои созанда ва такмили ҳамкорӣ дар соҳаи об байни хадамоти истифодабарандагон, таъминкунандагон ва танзимкунандагон дар бахши мубодилаи иттилоот доир ба фаъолияту хизматрасонӣ ва ҳамчунони дигар бурди муштарак аз дастрасии мустақим ба иттилоот мебошад», – гуфт Директори минтақавии Оксфам дар Тоҷикистон Боян Колундзия.

Дар чорабинии мазкур ҷонибҳои асосии манфиатдор дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ, аз ҷумла: Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, шӯъбаҳои санитарӣ ва гигиении муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

 «Мо боварӣ дорем, ки зам кардани назари истеъмолкунандагон, таъмин ва интегратсияи (якҷояшавии) онҳо дар асоси қонун, алалхусус занон, ба беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ҳамчунони дигар ба идоракунии самаранок, одилона ва устувор дар соҳаи таъмини об ва санитария (беҳдоштӣ) барои одамон оварда мерасонад», – гуфт Муҳаммад Салоҳиддинов намояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фоъолияти Гурӯҳи корӣ дар доираи лоиҳаи ташкилоти Оксфам оид ба Беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷкистон (TWISA), ки аз ҷониби Ҳамкории глобалӣ оиди ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ (GPSA) тавассути Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) маблағгузорӣ мегардад, ба роҳ монда шудааст.

Оксфам Конфедератсияи байналмилалии 17 ташкилоте мебошад, ки дар якҷоягӣ бо шарикон ва ҷамоатҳои маҳаллӣ дар беш аз 90 кишвари ҷаҳон кору фаъолият менамояд. Дар Тоҷикистон Оксфам дар самтҳои рушди иқтисодӣ, таъмини оби ошомиданӣ ва санитария (беҳдоштӣ) ва ҳамчунони дигар дар коҳиш додани хатари офатҳои табии кору фаъолият менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Манбаи иттилои боэътимод!” Сокинон “Азия-Плюс”-ро чӣ гуна мешиносанд?

Инак, 30 сол мешавад, ки “Азия-Плюс” дар пайи инъикоси дақиқ ва саривақтии муҳимтарин рӯйдоди Тоҷикистон ва ҷаҳон аст ва миёни ҷомеа Тоҷикистону Осиёи Марказӣ...

Нуриддин Қаршибоев: “Имрӯз Asia-Plus на танҳо ВАО, балки як гурӯҳи пурқуввати расонаҳо аст”

Имрӯз гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus 30-солагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад....

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.