Сафир паёми С.Асловро ба дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ супурд

ASIA-Plus

Санаи 15 апрели 2015 дар Қоҳира Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз сафорати ҶТ дар Миср хабар доданд, дар мулоқоти мазкур дипломати тоҷик паёми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ дар бораи таъйин […]



Санаи 15 апрели 2015 дар Қоҳира Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз сафорати ҶТ дар Миср хабар доданд, дар мулоқоти мазкур дипломати тоҷик паёми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ дар бораи таъйин намудани Намояндаи доимии кишвари мо дар Ҷомеаи давлатҳои арабӣ супорид.

Гуфта мешавад, гузашта аз ин, мусоҳибон дар он дидор дар бораи масъалаҳои густариши бештари ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷомеаи давлатҳои арабӣ дар соҳаҳои гуногун мубодилаи афкор намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар чаҳорчӯби Нахустин иҷлоси Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 13 майи 2014 дар Риёз баргузор гардида буд, байни Тоҷикистон ва Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Дар назар аст, ки кишвари мо нишасти ояндаи Форуми мазкурро дар соли 2016 мизбонӣ кунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.