«Сомон Эйр» 16 тоҷикистонии аз Яман хориҷшударо аз Дубай ба Душанбе овард

ASIA-Plus

Бо мусоидати сафоратҳои Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай 16 нафар шаҳрвандонии Тоҷикистон тавассути роҳи заминӣ аз Ҷумҳурии Яман ба воситаи ҳудуди Салтанати Умон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ворид шуданд. Бино ба маълуомти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, онҳо 16 апрели соли 2015 бо […]



Бо мусоидати сафоратҳои Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай 16 нафар шаҳрвандонии Тоҷикистон тавассути роҳи заминӣ аз Ҷумҳурии Яман ба воситаи ҳудуди Салтанати Умон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ворид шуданд.

Бино ба маълуомти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, онҳо 16 апрели соли 2015 бо хатсайри Дубай-Душанбеи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон баргаштанд.

Гуфта мешавад, ҳоло намояндагиҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои араб ҷиҳати баровардани шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Яман чораҳои зарурӣ меандешанд.

Қаблан аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ дода буданд, ки рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ

боз 29 нафар шаҳрванди Тоҷикистон

бо ду ҳавопаймои русӣ аз Ҷумҳурии Яман берун бароварда шуданд.

Қобили зикр аст, ки даҳаи аввали моҳи апрел Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои 

аз қаламрави Яман берун баровардани 130 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон

, ки бо оилаҳои худ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекарданд, мусоидат намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷетро тасарруф кард”. Сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст

Додгоҳи ноҳияи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷа гумонзад мешуд, ба 11...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.