Тоҷикистону ИМА дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд

ASIA-Plus

Зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматулозода бо сафири ИМА дар ҶТ хонум Сюзан М.Эллиотт, ки ахири ҳафтаи гузашта доир гардид, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҳангоми мулоқот  ҷонибҳо атрофи […]



Зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматулозода бо сафири ИМА дар ҶТ хонум Сюзан М.Эллиотт, ки ахири ҳафтаи гузашта доир гардид, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҳангоми мулоқот  ҷонибҳо атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, таъмини суботи макроиқтисодӣ, раванди ислоҳоти иқтисодӣ, ҷараёни мувофиқа ва татбиқ намудани барномаҳои сатҳи минтақавӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар кишвар, ҷалби сармоягузорӣ, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону ИМА каме бештар аз 5,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб ба андозаи 80% камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, тӯли чандин сол ИМА яке аз кишварҳои асосии мададрасони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона, ки семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон расонида шудааст, ҳудуди 25% ба ИМА рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.