Оғози 10-умин Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон

Аз 20 то 25 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни даҳумин Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия,ки ҳамасола бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор мегардад, ширкат меварзад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, мақсади чорабинии имсола баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бартариятҳои иммунизатсия мебошад. Мавзӯи чорабинӣ«Маҳв […]

ASIA-Plus



Аз 20 то 25 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни даҳумин Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия,ки ҳамасола бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор мегардад, ширкат меварзад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, мақсади чорабинии имсола баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бартариятҳои иммунизатсия мебошад. Мавзӯи чорабинӣ«Маҳв намудани фосилаҳо дар иммунизатсия!» мебошад. Иммунизатсия ҳамчун яке аз чорабиниҳои муваффақона ва самараноки соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи ҳаёт ва солимии одамон қабул гардидааст. Иммунизатсия боиси пешгирии миллионҳо ҳодисаҳои фавт аз бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон мегардад.

Гуфта мешавад, ҳамасола Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақаваии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истода аст.

«Дар Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия – 2015, гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз шаклҳои иттилоотӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Инчунин, мизи мудавар бо иштироки намояндаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналхалқӣ ба мисоли Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Оҷонси ҳамкории байналхалқии Ҷопон (JICA)ва воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад», – омадааст дар маълумоти Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофи-лактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон даъват менамояд.

Ҳамчунин ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки бо саривақт гузаронидани иммунизатсия кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат мешаванд ва бо дасткашӣ аз иммунизатсия саломатӣ ва ҳаёти кӯдак зери хатар гузошта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.