Прокуратураи генералӣ дар бораи сабабҳои болоравии қурби доллар дар Тоҷикистон

Зимни чорабиниҳои муштараки доиргардида тайи рӯзҳои ахир аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ ва Бонки миллии Тоҷикистон 192 далели қонуншиканӣ дар самти муомилот бо асъори хориҷӣ ошкор гардид. Дар ин бора дар маълумоти имрӯз интишоршудаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода мешавад. Дар маълумот зикр мегардад, ки санҷишу таҳлилҳо нишон доданд, ки гарчанде дар баъзе […]

Аваз Юлдошев



Зимни чорабиниҳои муштараки доиргардида тайи рӯзҳои ахир аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ ва Бонки миллии Тоҷикистон 192 далели қонуншиканӣ дар самти муомилот бо асъори хориҷӣ ошкор гардид. Дар ин бора дар

маълумоти имрӯз интишоршудаи

Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Дар маълумот зикр мегардад, ки санҷишу таҳлилҳо нишон доданд, ки гарчанде дар баъзе мавридҳо вазъи бавуқуъомада ба омилҳои иқтисодӣ, бахусус таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва дар партави он ба бозори  молу маҳсулот алоқамандӣ дошта бошад, дар боқимонда мавридҳо нархи он ба таври сунъӣ аз ҷониби нафарони алоҳидае, ки ба чунин намуди фаъолият машғуланд, бахусус нуқтаҳои фурӯши асъор, хариду фурӯши молу маҳсулот дар бозори дохилӣ бо асъори хориҷӣ, инчунин интиқоли ғайриқонунии асъор аз ҷониби нафарони алоҳида ба хориҷи кишвар, боло бардошта шуда истодааст.

Гуфта мешавад, гарчанде рӯзҳои охир қурби расмии хариди 1 доллари ИМА аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, яъне Бонки миллии Тоҷикистон то 6,28 сомонӣ ва фурӯши он то ба 6,30 сомонӣ муқаррар гардидааст, вале дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ҳолатҳои фурӯши ғайриқонунии он бо арзиши 6,50-6,60 сомонӣ ошкор шудааст.

«Гузашта аз ин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки дар тахтаи эълонҳо қурби асъор аз рӯи меъёри муқарраркардаи бонк дарҷ шуда бошад ҳам, дар вақти муроҷиати мизоҷон ягон адади чунин нуқтаи фурӯш бо нархҳои пешбинигардида асъори хориҷиро нафурӯхта ё худ иброз медоранд, ки гӯё асъори хориҷӣ надошта бошанд», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ин лиҳоз, нисбат ба тамоми он нафароне, ки ба чунин қонунвайронкуниҳо даст зада, манфиатҳои худро аз манфиати давлату дигарон боло дониста, бо роҳҳои сунъӣ арзиши пулро мебардоранд, тамоми тадбирҳои бо қонун пешбинигардида андешида шуда, дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа масъалаи бозхонди иҷозатномаҳои барои чунин намуди фаъолият машғул шудан ва манъи фаъолияти онҳо баррасӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.