Ифтитоҳи дубораи Гӯшаи Амрико дар мавзеи нави Душанбе

Иттилоияи расмӣ



Ахири ҳафтаи гузашта маросими расмии ифтитоҳи дубораи гӯшаи Амрико дар Душанбе дар мавзеи нави он, воқеъ дар кӯчаи Толстой 66, бо иштироки Сафири ИМА Сюзан Эллиотт баргузор гардид. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими мазкур сарварони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, толибилмон ва донишҷуён, омӯзгорон, бархе аз ҳаводорон ва боздидкунандагони доимии гӯшаи Амрико низ ширкат варзиданд.

 Нахустин гӯшаи Амрико аввалан воқеъ дар бинои Академияи улум ва баъдан дар Китобхонаи миллӣ дарҳояшро соли 2005 боз намуда буд. Пас аз истиқболи меҳмонон ва ирсоли паёми табрикотӣ дар бинои нави гӯшаи Амрико, Сафир Эллиотт ҷавононро ҷиҳати баҳра бурдан аз кулли захоир, маводҳо, хизматрасонӣ, барномаҳо ва фаъолиятҳои дастрасу ройгони гӯшаи мазкур ба хотири такмили забони инглисӣ ва дониш, минҷумла идомаи омӯзиш, ҳавасманд амуд.

 Дар айни ҳол, Сафорати  ИМА фаъолияти ҳафт 

гӯшаи Амрикоро

 дар Душанбе, Кулоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд, Исфара ва Ғарм дастгирӣ менамояд.  Ҳар як гӯшаи Амрико дастрасиро ба интернети ройгон бо мақсади  омӯзиш, маводҳои ройгон барои омӯзиши забони инглисӣ, презентасияҳо марбут ба барномаҳои Ҳукумати ИМА ва машваратҳо оид ба масоили омӯзишӣ таъмин намуда, фаъолияти клубҳои мухталифро дастгирӣ менамояд. Гӯшаҳои Амрико яке аз роҳҳои дастгирии ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби мардуми Амрико ба ҳисоб мераванд.

 Дар айни ҳол, гӯшаи Амрико дар ш. Душанбе дар кӯчаи Толстой 66, дар ақиби бинои Донишгоҳи омӯзгорӣ воқеъ аст. 

 Гӯшаҳои Амрико дар Тоҷикистон намунаи ҳамкорӣ миёни  бахши Сафорати ИМА оид ба равобит бо ҷомеъа ва муасиссаҳои таълимӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо дастрасиро ба маълумоти муосир ва эътимоднок аз ИМА ва дар бораи ин кишвар таввасути маҷмуъи китобҳо, интернет ва барномаҳои мухталиф барои ҷомеаи маҳаллӣ таъмин менамоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.