Ифтитоҳи дубораи Гӯшаи Амрико дар мавзеи нави Душанбе

Ахири ҳафтаи гузашта маросими расмии ифтитоҳи дубораи гӯшаи Амрико дар Душанбе дар мавзеи нави он, воқеъ дар кӯчаи Толстой 66, бо иштироки Сафири ИМА Сюзан Эллиотт баргузор гардид.  Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими мазкур сарварони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, толибилмон ва донишҷуён, омӯзгорон, бархе аз ҳаводорон ва боздидкунандагони доимии гӯшаи Амрико низ ширкат варзиданд.  Нахустин […]

Иттилоияи расмӣ



Ахири ҳафтаи гузашта маросими расмии ифтитоҳи дубораи гӯшаи Амрико дар Душанбе дар мавзеи нави он, воқеъ дар кӯчаи Толстой 66, бо иштироки Сафири ИМА Сюзан Эллиотт баргузор гардид. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими мазкур сарварони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, толибилмон ва донишҷуён, омӯзгорон, бархе аз ҳаводорон ва боздидкунандагони доимии гӯшаи Амрико низ ширкат варзиданд.

 Нахустин гӯшаи Амрико аввалан воқеъ дар бинои Академияи улум ва баъдан дар Китобхонаи миллӣ дарҳояшро соли 2005 боз намуда буд. Пас аз истиқболи меҳмонон ва ирсоли паёми табрикотӣ дар бинои нави гӯшаи Амрико, Сафир Эллиотт ҷавононро ҷиҳати баҳра бурдан аз кулли захоир, маводҳо, хизматрасонӣ, барномаҳо ва фаъолиятҳои дастрасу ройгони гӯшаи мазкур ба хотири такмили забони инглисӣ ва дониш, минҷумла идомаи омӯзиш, ҳавасманд амуд.

 Дар айни ҳол, Сафорати  ИМА фаъолияти ҳафт 

гӯшаи Амрикоро

 дар Душанбе, Кулоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд, Исфара ва Ғарм дастгирӣ менамояд.  Ҳар як гӯшаи Амрико дастрасиро ба интернети ройгон бо мақсади  омӯзиш, маводҳои ройгон барои омӯзиши забони инглисӣ, презентасияҳо марбут ба барномаҳои Ҳукумати ИМА ва машваратҳо оид ба масоили омӯзишӣ таъмин намуда, фаъолияти клубҳои мухталифро дастгирӣ менамояд. Гӯшаҳои Амрико яке аз роҳҳои дастгирии ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби мардуми Амрико ба ҳисоб мераванд.

 Дар айни ҳол, гӯшаи Амрико дар ш. Душанбе дар кӯчаи Толстой 66, дар ақиби бинои Донишгоҳи омӯзгорӣ воқеъ аст. 

 Гӯшаҳои Амрико дар Тоҷикистон намунаи ҳамкорӣ миёни  бахши Сафорати ИМА оид ба равобит бо ҷомеъа ва муасиссаҳои таълимӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо дастрасиро ба маълумоти муосир ва эътимоднок аз ИМА ва дар бораи ин кишвар таввасути маҷмуъи китобҳо, интернет ва барномаҳои мухталиф барои ҷомеаи маҳаллӣ таъмин менамоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.