Баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону AKDN

Рӯзи 30 апрели соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо намояндаи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) Акбар Алӣ Песнаниро дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, аз […]

ASIA-Plus



Рӯзи 30 апрели соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо намояндаи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) Акбар Алӣ Песнаниро дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, ҷонибҳо дар масъалаи татбиқи лоиҳаҳои Ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон табодули назар карданд.

Қобили зикр аст, ки AKDN аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар намояндагиҳои худро дорад ва айни замон тавассути амалисозии барномаву лоиҳаҳои худ ҳудуди 3 ҳазор нафарро бо ҷойи корӣ таъмин кардааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.