«Иҷозатнома»-ҳо барои ришмониву ҳиҷобпӯширо Раҳимзода қалбакӣ хонд

Дар вохӯрӣ бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишкада ва донишгоҳҳои олии кишвар, ки  рӯзи 27-уми апрели соли 2015 дар толори Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба саволҳои ҷавонону донишҷӯён посух гардонид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз он ҷумла, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтов Аслиддин, […]

ASIA-Plus



Дар вохӯрӣ бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишкада ва донишгоҳҳои олии кишвар, ки  рӯзи 27-уми апрели соли 2015 дар толори Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба саволҳои ҷавонону донишҷӯён посух гардонид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз он ҷумла, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтов Аслиддин, доир ба хабари иҷозатнома барои мондани риш ва пушидани сатр, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет нашр шудааст, савол дод, ки оё чунин иҷозатнома дар ҳақиқат  вуҷуд дорад ё не?  

Вазири корҳои дохилӣ ба ин савол ҷавоби мушаххас дода, иброз намуд, ки иҷозатнома, ки гӯё барои ришу сатр Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медода бошад, дар шабакаҳои интернетӣ нашршуда қалбакӣ буда, асоси воқеӣ надорад ва аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мондани риш ягон хел андоз муайян нагардидааст ва давлат ба андози ночиз барои чунин иҷозатнома эҳтиёҷ ҳам надорад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар

дархост кард

, ки дар ошкор намудани шахсони машғул ба фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки гӯё барои ришмониву ба бар кардани ҳиҷоб ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳуқуқ медодааст, мусоидат намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.