Шиносоии сафири Ҷопон бо татбиқи лоиҳаҳо дар Суғд

Date:



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Такаши Камадаро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Такаши Камада ҳадафи сафарашро ба вилоят шиносоӣ бо рафти татбиқи як қатор лоиҳаҳои аз ҷониби сафорати Ҷопон дар вилояти Суғд амалишаванда маънидод намуд.

Бояд гуфт, айни ҳол бо дастгирии сафорати ин кишвар чор лоиҳа  –  барқарор намудани шӯъбаи инфексионии беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, дастрас намудани таҷҳизоти таълимӣ барои 7 мактаби шаҳри Исфара, барқарорсозии шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом ва дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба деҳаи Дархони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Ғончӣ амалӣ гардида, панҷ лоиҳаи дигар дар шаҳру навоҳии вилоят дар ҳоли иҷроиш қарор доранд. Дар маҷмӯъ сафорати Ҷопон дар миқёси ҷумҳурӣ 341 лоиҳаро ба анҷом расонидааст, ки 70 адади он ба вилояти Суғд рост меояд.

Ба андешаи раиси вилояти Суғд минбаъд бояд ба ҷалби соҳибкорони ҷопонӣ дар тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва муносибатҳои тиҷоратии минтақа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро дар вилоят имкониятҳои фаровон барои рушди ҳамкориҳои бахши хусусӣ ва фазои муътадили сармоягузорӣ мавҷуд мебошад.  Бахусус ҷалби технологияи пешрафтаи ҷопонӣ барои соҳаҳои саноату кишоварзӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки соҳибкорони ин кишвар метавонанд аз ҷумла дар самти бунёди биноҳои баландошёна ва бунёди боғҳо саҳмгузор бошанд. Ширкатҳои бонуфузи ҷопонӣ имкон доранд, ки дар Тоҷикистон низ намояндагиҳои хешро таъсис дода, фаъолияти босамарро ба роҳ монанд.

Гуфта мешавад, Такаши Камада, ки аз забони форсӣ – тоҷикӣ бархурдор буда, зимни мулоқот аз муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Ҷопон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфтааст, ки ҷониби Ҷопон хостори густариши ҳамкориҳо мебошад.

– Мо рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоиро дар Тоҷикистон сол то сол бештар эҳсос мекунем ва аз имкониятҳои фарохи сармоягузории хориҷӣ дар ин кишвар қаноатмандем – илова намуд дипломати ҷопонӣ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...