Ҳалокати 4 сокини ВМКБ дар роҳи Душанбе – Хоруғ



Шаби 16 май дар километри 369-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, дар қаламрави ноҳияи Дарвоз ба болои автомашинаи тамғаи «Ниссан-Патрул» таҳти идораи сокини 29-солаи ноҳияи Рӯшон Алидод Ниҳолов як санги калоне афтида, дар натиҷа автомашина ба дарёи Панҷ сарозер рафтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронанда ва мусофирони автомашина – Саидқадам Худойбердиеви 55-сола, Худойбердӣ Худойберлиеви 43-сола ва Нилуфар Эмоманзароваи 23-сола дар дарё ғарқ шудаанд.

Гуфта мешавад, айни замон ҷасади Нилуфар Эмомназарова дарёфт ва ба хешону наздиконаш супурда шуда, ҷасади боқимонда ҳалокшудагон идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное