Ба қонун «Дар бораи аслиҳа» тағйирот ворид мешавад



Имрӯз, 18 май таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он лоиҳаи қонун «Дар бораи маълумоти миёнаи касбӣ» баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи аслиҳа» ва «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» низ мавриди барррасӣ қарор гирифтанд.

«Тамоми масъалаҳои баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки рӯзи 20 май баргузор мешавад,  ворид карда шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное