Ҳукумати Хатлон ба осебдидагони деҳаи Заркамар ваъдаи кӯмак кард


Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ахиран аз деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён боздид карда, масъулинро ҷиҳати рафъи оқибатҳои сел ва расонидани кӯмак ба сокинони зарардида муваззаф кард.

Заркамар яке аз деҳоти ноҳияи Қубодиён аст, ки бар асари боришоти шадиди 11-12 май хисороти ҷиддӣ бардошта, аз 61 манзили истиқоматии он 20 хона комилан хароб шудааст ва 21 хонаи дигар қисман зарар дидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ



Гуфтугӯйи мардум бо масъулини вилоят


Як мӯйсафеди деҳаи Заркамар

зимни суҳбат бо раиси вилояти Хатлон гуфт, ки синнаш ба 65 расидаасту бори аввал чунин борону жоларо дар ин мавзеъ дидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ


Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 

ба мардуми осебдида ваъда дод, ки барои аз нав бунёд кардани манзилҳояшон кӯмак хоҳад кард. Вай аз ҷумла гуфт: «Ин офати табиӣ аст ва дилшикаста набояд шуд. Боиси хушбахтист, ки талафоти ҷонӣ нашудааст. Мо имрӯз 5 тонна сӯзишворӣ ҷудо мекунем, то пеши роҳи селпартои деҳа тоза карда шавад ва роҳҳои деҳа, ки лой гирифтааст, сангфарш гардад. Сипас барои сохтмони манзилҳоятон кӯмак мерасонем, аз ҷумла, масолеҳи сохтмонӣ ҷудо мекунем. Лекин дар сохтмони манзилҳоятон худатон фаъолона иштирок кунед».

ИЗОБРАЖЕНИЕ


Раиси вилоят

 афзуд: «Бубинед, аксари хонаҳое, ки имрӯз вайрон шуданд, 20-30 сол пеш бунёд гардида, пойдевори хуб надоранд. Аз ин хотир, мо бояд дар сохтмони манзил ин чизро ба назар гирем. Мутаассифона, хонаҳоямон пойдевор надораду ду се мошин мехарем ва фикри бехатарии худу фарзандонамонро намекунем. Тоҷикистон аслан кишвари кӯҳист ва боришоту омадани селро доим интизор шуда, барои бехавф гузаронидани он бояд омода буд».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ ҳамчунин ба раиси ноҳияи Қубодиён

Саидумрон Абдураҳмонзода

дастур дод, то соҳибкорон ва фаъолони ноҳияро ҷамъ карда, маслиҳат кунанд, ки чӣ кӯмаке ба деҳаи Заркамар расонида метавонанд. «Шояд шаҳру ноҳияҳои дигарро низ вобаста мекунем, то кӯмаки худро ба ин мардум расонанд», – гуфт раиси вилояти Хатлон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Масъулин ба Гулмаҳмадзода гуфтанд, ки аснои боришоти шадид маҷрои селпарто дигар шуда, селоб ба деҳа даромадааст. Ба қавли онҳо, дар ин ҷо пули мошингузар, ки бо чанд қубур сохта шудааст, маҳкам гардида, оби ҷамъшуда соҳилро вайрон кардааст. Раиси вилоят дастур дод, ки оҷилан пеши роҳи селпартои деҳа тоза карда шавад ва соҳиле, ки селоб шустааст, барқарор гардад, то чунин ҳодиса дигар рух надиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раиси вилоят ҳамчунин мактаби деҳаро, ки ба 4 синфхонааш лой даромада, омӯзгорон ва хонандагон даруни бино ва атрофи онро аз гилу хок тоза мекарданд, аз назар гузаронид ва барои таъмири он ба масъулин супориш дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сипас Гулмаҳмадзода аз шаҳраки хаймаҳо, ки сокинони хонавайрон дар он ҷойгир шудаанд, боздид карда, аз аҳволи онҳо пурсон шуд. Мардуми хайманишин гуфтанд, ки барояшон ба қадри имкон шароит фароҳам буда, кӯрпаю болин ва баъзе ашёи рӯзгор дастрас шудааст.



Хисороти сел ва рафъи пайомадҳои он

Ҳангоми боздиди мо аз деҳаи Заркамар бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ идома дошт: ҳайати шахсии ситоди ҳолатҳои фавқулода ва хизматчиёни ҳарбии ин ниҳод роҳҳои деҳаро аз лой тоза ва сангфарш карда, оберо, ки дар ҳавлию хонаҳои мардум ҷамъ шудааст, бо истифода аз обкашҳои моторӣ ба обпарто фиристода, масолеҳи сохтмонии манзилҳои вайроншуда ва ашёи рӯзгори мардумро мебароварданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон

Ҳотамшо Шарифов

ба хабарнигори «Азия-Плюс» гуфт, ки бар асари боришоти сахти рӯзҳои 11-12 май якчанд ноҳияи вилоят дучори хисороти ҷиддӣ шуданд. Масалан, аз 61 манзили истиқоматии деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён 41 хона осеб дидааст, ки аз ҷумлаи онҳо 20 хона комилан хароб шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Баъд аз расидани хабари фаврӣ, 17 нафар ҳайати шахсии ситод ва 60 сарбозу афсари қисми ҳарбии №45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ мустақар дар Қӯрғонтеппа бо 2 адад техникаи калон ба ҷойи ҳодиса омаданд. Хушбахтона, мо тавонистем саривақт мардумро ба маҳалли бехавф кӯчонем. Дар болои яке аз теппаҳои атрофи деҳаи Заркамар барои 35 оила хайма зада, мардумро ҷойгир кардем. Боз кӯрпаю болин ва кампалҳои гарм ба мардум тақсим кардем. Ҳоло ҳукумати ноҳияи Қубодиён бошандагони ин шаҳраки хаймаҳоро бо се вақт хӯроки гарм таъмин мекунад. Рӯзи 15-уми май намояндагони созмони Ҳилоли Аҳмари шаҳри Қӯрғонтеппа низ барои зарардидагон иловатан кӯрпаҳои гарму ашёи рӯзгор оварданд», – гуфт Шарифов.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вай афзуд, ки офати табиӣ ба ғайр аз манзилҳои истиқоматии ин деҳа, ба хоҷагии халқи ноҳияи Қубодиён низ зарари ҷиддӣ расонидааст. Аз ҷумла, чанд мактаб, киштзорҳо, идораи ҷамоати Заркамар, роҳҳои автомобилгард ва иншооти гидротехникиро аз кор баровардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Дар маҷмуъ, ба хоҷагии халқи ноҳияи Қубодиён беш аз 3,5 миллион сомонӣ зарари иқтисодӣ расидааст. Ҳамчунин боронҳои сел ба иқтисодиёти ноҳияи Ҷиликӯл ба маблағи 13 миллион сомонӣ, ноҳияи Вахш – 1,5 миллион сомонӣ ва ноҳияи Хуросон – 86 ҳазор сомонӣ хисорот ворид кардааст», – иттилоъ дод сардори ситод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ



Осебдидагон: «Он рӯз даҳшат буд…»

Сокинони деҳаи Заркамар дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» аз ҳодисаи омадани сел бо ғаму дард ёдовар шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Оймогул Абдиева

он рӯзро ба хотир оварда, чунин гуфт: «Соат тақрибан сеи рӯз буд, ки кам-кам борон омад. Ман машғули нонпазӣ будам ва ҳамон рӯз духтаронам бо фарзандонашон дар хонаам меҳмон буданд. Як вақт буд, ки селоб омад. Ман ба касе тавонистам занг задам, ки ёрӣ расонанд. Духтаронамро ба берун баровардам, ки мардум расида омаданду кӯмак карданд. Нав ба маблағи 5,5 ҳазор доллар мошини “Опел” харида будем. Сохтмоне, ки зераш мошинам меистод, болои он чаппа шуду мошинро пачақ кард. Писарам нав харида буду ҳоло орзуҳояш нашикаста буд».

ИЗОБРАЖЕНИЕ


Луиза Муфаззалова


, боз як сокини деҳаи Заркамар он рӯзи сахтро ба хотир оварда, мегӯяд: «Мисли як даҳшат буд. Аз аввал ҳеҷ чизро нафаҳмидем, фикр кардем, ки касе болои бомамон санг мепартояд. Ба берун давидему дидем, ки жола меборад ва аз тарафи болои деҳа оби зиёде меояд. Куҷо рафтану чӣ карданамонро намедонистем. Писарам гуфт, биё зинаро монда, болои бом бароем. Аз он тарафе, ки об меомад, ҳамсоя бо се келинаш ва кӯдакони хурдсол омада, ҳамроҳи мо болои бом баромаданд. Як духтарчаам, ки дар синфи панҷ мехонд, дар мактаб буд. Онҳоро аз мактаб ба тарафи кӯҳ бурданд. Аз ҳар тараф овози мошинҳои КамАЗ шунида мешуд. Мо то наздики бегоҳ нишаста будем, ки як овоз баромад: “Ягон кас ин ҷо ҳаст?”. Аз болои бом дод задем: “Мо ин ҷоем”. Онҳо бо трактор омаданду моро ба навбат бароварданд. Вақте ба трактор расидем, мадори қапидан надоштам. Ташаккур ба он нафароне, ки моро наҷот доданд ва ба ҷойи бехавф кӯчонданд. Аввал кӯдакону занонро бароварданд ва баъдан мардонро наҷот доданд. Чизе сари даст омад либос гирифтем. Ман либосҳои мардона пӯшидам. Дигар чизе надоштем, ҳамаи либосҳоямон тар шуда буд».


Норбой Ғаффоров

, сокини дигари деҳаи селзада мегӯяд: «Аввал борони майда омад, мо интизор набудем. Ҳамин вақт келин гиря кард, ки набераҳо дар мактаб монданд. Ман бел гирифта, аз дарвоза берун баромадам ва дидам, ки оби хеле зиёд омадааст. Маълум буд, ки ду соат пеш дар кӯҳ борида, ин қадар об омадааст. Ману як писарча кӯдакон ва занони оилаи худам ва ҳамсояро ба болои хона баровардем. Хайрият, зина сари роҳ будаасту мо онро гирифта, ба бом баромадем. Ду набераам дар мактаб монданд. Занон гиряву нола мекарданд. Ба онҳо мегуфтам, ки Худо гӯед, ҳоло омада, ёрдам мекунанд. То бегоҳ шиштем, ки як вақт солдатҳо бо трактори МТЗ-80 омаданду моро аз ин ҷо ба кӯҳ бароварданд. Баъд фаҳмидем, ки хонандагонро аз мактаб ба болои кӯҳ бурдаанд ва мо онҳоро бегоҳ дар он ҷо ёфтем».

ИЗОБРАЖЕНИЕ


Як ронанда

зимни суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» гуфт, ки рӯзи 12-уми май, вақте аз Қубодиён ба Қӯрғонтеппа меомад, шоҳроҳ дар минтақаи собиқ хоҷагии Коммунизм беш аз як соат баста буд. Роҳ аз лой пур шудаву сатҳи об баланд буд. Баъдан масъулин роҳро тоза карданд ва ҳаракати васоити нақлиётӣ барқарор шуд.

Ронанда ин 2 видеоро дар рӯзи офати табиӣ бо телефони ҳамроҳ бардоштааст.

spot_imgspot_img

Популярное