Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони ин соҳаи давлатҳои созмони номбурда ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи муштарак бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо баррасӣ шуда, зикр гардид, ки масоили вобаста ба тадбирҳои муштарак барои таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирӣ аз фаъолияти унсурҳои терроризму ифротгароӣ, миллатпарастии иртиҷоӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои ИДМ дар Душанбе мебошад.
Таъкид гардид, ки барои таъмини амну суботи доимӣ дар минтақа ва мусоидат ба рушди бонизоми ҷомеа бояд тамоми тадбирҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои ба амал баровардани ин чораҳо андешида шаванд.



