ВКД ҳамаи далелу овозаҳои бедаракшавии фармондеҳи ОМОН-ро санҷида истодааст



Аз рӯи далели бедаракшавии фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов «ҳамаи овозаҳо, ки баъзан мухолифи якдигаранд ва ҳатто тахмину бофтаҳо дар мавриди ин ҳодиса санҷида шуда истодаанд». Дар ин бора ба журналистон сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалии ВКД Тоҷикистон Зумрад Солиева зимни брифинг дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати ҷаласаи қарибулвуқӯъи роҳбарони ВКД-и кишварҳои узви СҲШ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои дохилӣ барои таҳқиқ ва рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба хадамоти дахлдори кишварҳои ҷаҳон дархостҳои сершумор фиристодааст.

«Ман ба журналистон маслиҳат медиҳам, ки зимни инъикоси ин масъала ба шитобкорӣ роҳ надода, хулосаҳои бармаҳал набароранд», – қайд кард Солиева.

spot_imgspot_img

Популярное