«Истиқлол» ба даври чорякниҳоии Ҷоми КФО роҳ ёфт



Дар бозии даври 1/8 финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО, AFC)-2015 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ бар дастаи «Ал-Ваҳда»-и Сурия пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфт.

Бозии мазкур шаби 26 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахт доир гардида, қисми якум ва дуюми бозӣ ва ҳамчунин 30 дақиқа вақти иловагӣ мусовӣ 1 бар 1 анҷом пазируфта, дар силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони тоҷик бо ҳисоби 4 бар 2 (ҳисоби умумӣ 5 бар 3) ғолиб омаданд.

Бозиро дар майдон ҳайати доварон аз Ҷопон бар дӯш дошта, намояндагони Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ ва Сингапур ба ҳайси довари эҳтиётӣ, нозири доварон ва комиссари ин бозӣ фаъолият карданд.


Акс аз радиои «Озодӣ»

spot_imgspot_img

Популярное