Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар панҷумин даври Машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида Амрико, ки 16 июни соли 2015 дар шаҳри Вашингтон баргузор мегардад, ба ИМА сафар кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти Машваратҳои сиёсӣ ҳайатҳои Тоҷикистон ва ИМА масъалаҳои васеи муносибатҳои дуҷонибаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, зимни сафар инчунин як зумра мулоқотҳои баландпояи дуҷониба дар назар гирифта шудааст.



