Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии мубориза бо суистеъмол аз воситаҳои нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии онҳо, ки ҳамасола рӯзи 26 июн ҷашн гирифта мешавад, имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор дар оташдони махсус доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ аз рӯи 7 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, 180 кг 580 гр маводи нашъаовар аз ҷумла: 31 килову 782 грамм маводи сахттаъсири героин, 99 килову 520 грамм афюн, 49 килову 278 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис сӯзонида шуд.
Қобили зикр аст, ки маводи нашъаовари мазкур аз тарафи мақомоти интизомӣ ва Хадамоти гумруки кишвар ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардида, чорабиниҳо оид ба сӯзонидани маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентӣ мунтазам пас аз баромадани ҳукми суд гузаронида мешаванд.



