Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 24 июн ба ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо ҷараёни сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 3000-солагии ноҳия шинос шуд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни ҷаласаи сайёри кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни Ҳисор нахуствазир ба раҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор оид ба таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан ба сифати иҷрои корҳо дар иншооти ҷашнӣ дастуру супоришҳо дод.
«Қоҳир Расулзода ҳамчунин дастур дод, ки истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шаванд», – гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки маросими таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор моҳи октябри соли равон доир мегардад.



