Боздошти сокини 62-солаи Қӯрғонтеппа бо маводи мухаддир дар пойтахт



Зимни чорабиниии махсус, ки рӯзи 27 июн дар қаламрави пойтахти ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони милиса доир гардид, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 62-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт шуд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, зимни кофтукови боздоштшуда 8 килову 353 грамм маводи мухаддири афюн ва 490 грамм героин дарёфт ва мусодира шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин рӯзи 27 июн дар ноҳияи Панҷ сокини маҳаллӣ боздошт шудааст, ки аз ӯ ҳудуди 1 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное