Муддати ду рӯз 20 духтар ва писари ҷавон аз ВМКБ дар хонаҳои ҳамсолони худ дар шаҳр Хуҷанди вилояти Суғд меҳмон шуданд. Маросими тантанавии вохӯрии гурӯҳи ҷавонон аз ВМКБ дар майдони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ доир гардид.
Умеда Бурҳонзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чунин сафар бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва ҳамоҳангии байни ҷавонони манотиқи мухталифи кишвар бори аввал барпо шудааст.
«Барои он ки имкони аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо ҳаёту зиндагӣ, расму русуми сокинони ҳуҷандимкон даст бидиҳад, писарону духтарони ҷавон дар хонаводахои ҳамсолонашон меҳмон шуданд», – зикр кард муовини раиси шаҳр.
Ҷавонони ВМКБ дар Хуҷанд аз муҷтамеи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд», боғи Камоли Хуҷандӣ, осорхонаи таърихии маҳаллӣ ва дигар ҷойҳои тамошобоб ва шоёни диққати шаҳр боздид карданд.
Барои меҳмонон ҳамчунин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда, асрори пухтани оши палав ва самбӯсаи хуҷандӣ нишон дода шуд. Ташкили чунин сафарҳои ҷавонон аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ ҳам дар назар аст.



