Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун танҳо ҷанбаҳои мусбатро мебинад



Мувофиқи таҳқиқоти коршиносони хориҷӣ, то соли 2050 дар Тоҷикистон тамоили нисбатан болоравии ҳарорат ба миқдори 2% ба мушоҳида хоҳад расид.

Зимни вохӯрӣ бо журналистон муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Ойхон Шарифова изҳор намуд, ки Тоҷикистон кишвари ғанӣ аз захираҳои обӣ маҳсуб меёбад, ки 60%-и захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз он сарчашма мегиранд.

«Аммо баъди соли 2050 коҳишёбии захираҳои об пешгӯӣ гардида, агар мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба итмом расонем, мо ба кишварҳои дигар низ об дода метавонем, – иброз дошт ӯ.

Директори агентии обуҳавошиносӣ Ҳомидҷон Расулзода дар ин робита зикр кард, ки буғшавии об аз обанбори Норак ба ҳеҷ гунае ба иқлими ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа таъсир расонида натавониста, танҳо ба қаламрави худи нерӯгоҳ таъсиргузоранд.

spot_imgspot_img

Популярное