Дархости 6,5 соли зиндон ба мушовири раиси ҲНИТ



Дар мурофиаи додгоҳии мушовири раиси ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов айбдоркунанлдаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки ӯ ба 6,5 соли зиндон маҳкум карда шавад. Мурофиа дар суди ноҳияи Ҳисор таҳти раёсати судяи ноҳия Исроил Мирзозода ҷараён дорад.

Зарафо Раҳмонӣ, адвокати судшаванда ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар мурофиа танаффус эълон шудааст. Тибқи тартиботи маъмулӣ, ба Маҳмудов сухани ниҳоӣ дода шуда, сипас ҳайати суд ба хонаи машваратӣ хориҷ мешавад.

Зарафо Раҳмонӣ ҳамчунин илова намуд, ки зимни тафтишот ба айбнома тибқи моддаи 195, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) қисми сеюм ҳам илова шудааст.

«Ин ба он марбут аст, ки ташхиси доиргардида ҷангиву коршоям будани 31 тир аз 51 тири дарёфтшударо нишон дод», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли 2015 ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ боздошт шуда, рӯзи дигар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин робита 

изҳорот интишор кард.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ ба журналистон 

тасдиқ намуда буд,

 ки яке аз таппончаҳои дар манзили шаҳрванд Латиф Сардоров дарёфтшуда аз ҷониби кормандони КДАМ ҳақиқатан ҳам ба узви КМИР Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ дорад.

spot_imgspot_img

Популярное