Қотили Салоҳиддин Азизов ба ҳабси абад маҳкум шуд



Додгоҳи шаҳри Маскав нисбати раҳбари гурӯҳи миллатгарои «Боевая организация русских националистов» (БОРН) Иля Горячев, ки аз ҷумла ба қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов айбдор мешавад, ҳукм содир намуд.

Хабарнигори

РИА «Новости»

аз толори суд дар ин робита иттилоъ додааст, ки суд ӯро мутобиқи моддаҳои «Одамкушӣ» ва «Гардиши ғайриқонунии аслиҳа»и Кодекси ҷиноии Русия гунаҳкор эътироф намуда, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Ҳамчунин суд қарор кардааст, ки аз Иля Горячев ба нафъи модари антифашист Иля Ҷапаридзе, ки аз ҷониби аъзои ин гурӯҳ ба қатл расонида шуда буд, 5 млн. рубл рӯёнида шавад.

Хабаргузории

РБК

хотиррасон мекунад, ки маҳкумшуда дар панҷ куштор – қатли адвокат Станислав Маркелов, антифашистҳои шинохта Фёдор Филатов ва Иля Ҷапаридзе, узви гурӯҳи «Черные ястребы» Расул Халилов ва куштори шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов, ки сараш аз тан ҷудо шуда буд, даст дорад.

spot_imgspot_img

Популярное