Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ нимаи дуюми рӯзи 29 июл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сафари корӣ ба маркази вилоят – шаҳри Хоруғ ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, субҳи рӯзи 30-юми июл дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ иштирок кард.
Иншооти мазкур аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ҷойгир карда мешавад. Арзиши лоиҳавии иншоот 5 миллиону 305 ҳазор сомониро ташкил дода, муҳлати баистифодадиҳии он соли 2018 дар назар дошта шудааст.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бинои коллеҷи тиббӣ низ оғоз бахшид. Мувофиқи лоиҳа бинои коллеҷ аз 5 ошёна иборат буда, дар он тамоми имконоти зарурии таълим барои 240 донишҷӯ ва хобгоҳ барои 100 ҷой аз рӯи стандарти муосир фароҳам мегардад. Коллеҷ аз бинои таълимӣ, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои дарсҳои амалӣ, аз синфхонаи таҷрибавӣ ва дигар утоқҳои зарурӣ иборат хоҳад буд. Тавре зикр гардид, муассисаи муосири тиббӣ дар ин мавзеъ бо харҷи 13 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта мешавад.
Дар маркази шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат хонаи истиқоматии 50 ҳуҷрадорро, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар ҳудуди қисми ҳарбии 2848 бунёд ёфтааст, дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд. Фармоишгари ин иншооти муҳим Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, пудратчӣ Раёсати сохтмони умумии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ. Арзиши лоиҳавӣ беш аз 8 миллион сомониро ташкил дода, сохтмони он соли 2012 оғоз шуда буд.
Дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои Театри вилоятӣ барои 500 ҷойи нишаст санги асос гузошт. Фармоишгари тарҳ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамин ҷо баъди гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанг ва сокинони шаҳр суҳбати самимӣ доир кард. Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ин тӯҳфаи арзандаи Сарвари давлат на танҳо ба аҳли ҳунар, балки барои кулли сокинони вилоят мебошад.
Баъди гузоштани санги асоси театри вилоятӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ кард. Сохтмони бино соли 2014 оғоз шуда, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маблағи умумии ин иншоот 5 миллион сомониро ташкил дода, онро пудратчӣ – Шуъбаи сохтмони асосии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардааст.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ бинои маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагиро бо 50 ҷойи корӣ ифтитоҳ кард. Марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ – зани кордон Мардонаева Султонбахт бо харҷи 4 миллион сомонӣ сохта шудааст.



